бо

бо
I
[با]
пешванд
1. ҳамроҳ будан, якҷоя шудан ва иштирок карданро дар иҷрои ягон амал (бо шахсе ё чизе) ифода мекунад; ҳамроҳи…, дар якҷоягии…, ба иштироки…: бо ҳам, бо ҳамдигар, бо ҳамроҳии, бо касе гап (на) задан, бо касе вохӯрдӣ кардан, бо касе зиндагӣ кардан, бо касе маслиҳат кардан, бо касе нишастан, бо касе сару кор (кору бор) доштан, бо касе ҳамдаст будан, бо чизе хӯрдан (чизеро), бо хаёлоти худ банд будан, бо худ гирифтан (будан) чизе ё касеро, бо худ овардан чизеро; меҳмон бо ризқаш меояд (зарб.); бо худи… шахсан бо …; мустақиман бо …
2. воситаи иҷрои амалро ифода мекунад; ба воситаи…, тавассути…., чизеро ба кор бурда; бо мадади…, ба ёрмандии…: бо бинӣ нафас кашидан, бо дасти чап хӯрдан (хестан), бо китф тела додан, бо нӯги остин пок кардан, бо обпошак об пошидан, бо пахта об чакондан, бо санг зада шикастан, гуноҳи худро бо хизмат ва садоқат харида гирифтан
3. тарзи амал ва ҳолати ашёро ифода мекунад: бо диққати тамом, бо рӯи кушод, бо рӯи хандон, бо сари хам, бо тарсу ваҳм, бо чашмони гиряолуд, бо чеҳраи зард, бо иштиҳо(-и том) хӯрдан, бо мамнуният қабул кардан, бо нигоҳи пурхашм ҷавоб додан, бо овози баланд суруд хондан
4. замони амалеро, ки дар як вақт ё паси ҳам бо амали дигар иҷро мешавад, нишон медиҳад; баробари…: бо дидани ин ҳол, бо шунидани ин гап
5. сабаби амалеро нишон медиҳад: бо ҳар баҳона дашном додан; бо баҳонае корро ақиб партофтан, бо тӯҳмат айбдор шудан
6. аз рӯи…; мувофиқи…; ҳасби…: бо иҷозати…, бо рухсати…, бо илтимоси касе (кореро кардан), бо ишораи касе (берун баромадан); бо навбат (суруд хондан, даст фишурдан), бо супориши касе (кореро иҷро кардан), бо талаби ҳаёт (кореро кардан)
7. нисбат ба…, дар ҳаққи… ; бо касе бад будан нисбат ба касе хусумат доштан
8. сӯи чизеро, ки ба он амал равона шудааст, нишон медиҳад, ба
9. аз чизе ташкил ёфтан ва ё бо чизе мусаллаҳ будани предметро нишон медиҳад; аз: бо чизе пур шудан, бо чизе мусаллаҳ будан; бо вуҷуди… қатъи назар аз…; сарфи назар аз…; бо вуҷуди ин (он) сарфи назар аз ин (он); бо гардани баста бе майлу хоҳиш; аз рӯи маҷбурӣ; бо дили пур бо боварии том, мутмаинона, дилпурона; бо дилу ҷон аз рӯи сидқ, самимона; бо (ду) дасти адаб ниҳоят боодобона, бо иззату эҳтироми зиёд; бо ин ҳама бо вуҷуди ин, сарфи назар аз ин; бо камоли… дар ниҳояти…., ниҳоят; бо назари суол саволомез; бо номи… ба исми…, таҳти номи; бо пои худ а) ба ихтиёри худ; ба даъвату хабари касе мунтазир нашуда; б) муфт, ройгон, бе меҳнат; бо ҳамин ҳамин тавр; дар ҳамин ҷо; бо ҷон баробар ниҳоят азиз; бо роҳи касе рафтан аз пайи касе рафтан, ба касе пайравӣ кардан
II
[با]
номи ҳарфи дуюми алифбои арабиасоси тоҷикӣ ب
III
[با]
кит. оши обакӣ, оши моеъ

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?
Синонимы:

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»